Рӯзи 27-уми ноябр дар ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ аз фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои семоҳаи чорум муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни ҷаласаи номбурда вазъи макроиқтисодӣ-молиявии ҷумҳурӣ, низоми бонкӣ, ташкили пурсишҳо ва ошкор кардани камбудиҳо дар фаъолияти низоми бонкӣ, фаъолияти низоми пардохт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, вазъи бозори асъор дар даҳ моҳи соли равон ва дигар мавзуъҳои муҳими бахши бонкдорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, намояндагони масъули ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз дошта, баҳри бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти бонкҳои алоҳида ва низоми бонкии мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.