Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 8 млрд.  757 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,4% зиёдтар аст.

Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар навбати аввал ба афзоши ҳаҷми истеҳсол дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат нисбат медиҳанд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 11,6, саноати коркард – 68,7 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 19,7%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар 47 номгӯи он (52,2%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 30 номгӯй (33,4%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот (14,4%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Агентии омор таъкид мешавад, ки бинбар сабаби камбуди гази табиӣ, чанде аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ҶСК «Тоҷиксемент» бо иқтидори пурра фаъолият накарда, корхонаи муштараки «Азот» комилан аз фаъолият бозмонда буд.