Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1% ё худ 189,1 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 2,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 1 млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 12,9%  ё худ 160,2 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,7 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,3% ё худ ҳудуди 350 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ба аввали моҳи декабр ҳудуди 918 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Чин – 630 млн. $, Қазоқистон – 628 млн. $ ва Туркия – тақрибан 620 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта зиёда аз 5,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 15,1% ё худ 674 млн. $ зиёдтар буд.