Айни замон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак барқарор гардида, дар ҳамаи намояндагиҳо гуруҳҳои навбатдорӣ барои нигоҳдории қитъаҳои роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS, қаблан бар асари бориши зиёди барф ва тармафароӣ дар чанд мавзеи минтақаи Варзоб ҳаракати нақлиёт муваққатан халалдор гардида буд. Бар асари тармафароӣ дар километрҳои 49, 51, 59 ва 71-уми роҳ ҳаракати нақлиёт муваққатн қатъ гардида, дарозии тармаҳо то 100 метр мерасид.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба тамоми шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои мошингарде, ки қитъаҳои хатарноки тармафароӣ доранд, худдорӣ кунанд.