Раҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин изҳор мекунад, ки маблағи қарз аз андози солҳои пешинро ҳанӯз моҳи ноябри соли 2013 ҳангоми ошкор шудани далели ин қарздорӣ пардохт кардааст.

Муовини директори КМ «Зарафшон» Бобохон Бобохонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки давоми моҳҳои октябр-ноябри соли 2013 дар корхона оид ба пардохти андоз санҷиш доир гардида, далели пардохт нашудани маблаги андоз ва ҳаққи саҳм (дивиденд) дар ҳаҷми 3 млн. 950 ҳазору 469 сомонӣ ошкор шудааст.

«Бо анҷоми таҳияи санади санҷиш ҳамаи ин маблағҳои зикршуда ба буҷети кишвар пардохта шуданд. Аз сабаби дар Агентии зиддифасод изҳор шудани оғози парвандаи ҷиноӣ ва тафтиш дар робита ба ин масъала мо огаҳ нестем. Раҳбарияти КМ - директори генералӣ ва директор оид ба масоили молиявии корхона айни замон дар рухсатии меҳнатӣ дар Чин қарор доранд. Вақте ки онҳо омаданд, мо сабаби чунин сурат гирифтани вазъро муайян мекунем», - гуфт Бобохонов.

Ба эътиқоди Бобохонов, дар ин масъала аслан рӯйпӯш шудани даромади ширкат ва пардохт нашудани маблағи андоз вуҷуд надошта, танҳо бо айби хадамоти молиявӣ иштибоҳоту нофаҳмӣ рух додааст.

Дар Кумитаи андоз аз пешниҳоди маълумот дар бораи воқеъан ҳам пардохт шудани маблағи зикршудаи андоз аз ҷониби КМ «Зарафшон» худдорӣ намуда, зикр карданд, ки маълумот дар бораи андозсупорандагон махфӣ буда, кумита ба ифшои онҳо ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 3-юми феврал Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар бораи гумонбар дониста шудани директори генералӣ ва директор оид ба масоили молиявии корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли тиллои «Зарафшон» - шаҳрвандони Чин Ли Фен ва Лю Даоин ба рӯйпӯш кардани андозҳо маълумот дода буд.