Дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев бо ҳузури роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат ҷаласаи васеи Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ба маблағи 15 млрд. 278,4 млн. сомонӣ ё 28,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли 2014 ба андозаи 9,9 фоиз ё 1 млрд. 377,3 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар буҷети давлатии соли оянда хусусияти иҷтимоӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд, зеро 50%-и хароҷоти умумии буҷет ба бахши иҷтимоии кишвар рост меояд, ки нисбат ба соли равон 17% бештар аст. Танҳо барои афзоиши музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо беш аз 400 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад.

Дар таҳияи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи на камтар аз 7,2 фоиз ба маблағи 52 млрд.821 млн. сомонӣ, индекси дефлятор – 6,3 фоиз, меъёри таваррум – 7,5 фоиз ва қурби миёнаи солонаи асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5,00 сомонӣ муайян карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, ки санаи 19-уми ноябр дар Душанбе доир мегардад, пешниҳод мешавад.