Дар роҳҳои асосии Тоҷикистон сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр барои сайёҳон меҳмонхонаҳову ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд.

Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сохтори зертобеъаш тайи ним соли ахир баҳри бунёди зербинои сайёҳӣ талош меварзад ва бо ин мақсад гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил шуда, дар минтақаҳои сайёҳӣ ба беҳтар кардани зербинои сайёҳӣ машғул аст.

«Акнун дар роҳҳои асосии кишвар сари ҳар 50 километр сохтани як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр бунёди меҳмонхонаву ҷойи истироҳат бо таваққуфгоҳ барои мошинҳо, нуқтаи савдо, ошхона, воситаҳои алоқа ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки барои сайёҳон барои истироҳату фароғати шабона шароити мусоид фароҳам меорад», - гуфт ӯ.

Раиси Кумита ҳамчунин хотиррасон намуд, ки барои ҷалби самоягузорони имконпазир ба бахши турзим тамоми маҳсулоту таҷҳизоте, ки ба кишвар барои сохтмони иншооти сайёҳӣ ворид карда мешавад, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва ширкатҳои нави сайёҳӣ панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.

«Баҳри ҷалби сайёҳон ба кишвар барои осонтар шудани анҷоми расмиёти гирифтани раводид барои хориҷӣён, дар фурудгоҳҳо кабинетҳои махсус ба фаъолият оғоз мекунанд», - қайд кард Абдуллозода.

Тибқи маълумоти ӯ, шумори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, тӯли 9 моҳи соли гузашта 312 602 нафар аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 72 ҳазор нафар зиёдтар буда, ҳамзамон шумори кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, низ афзуда, агар пеш аз Тоҷикистон шаҳрвандони 59 кишвар боздид карда бошанд, соли 2016 ин шумор аллакай ба 109 кишвар расидааст.

«Ин шумор сайёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон 156 млн. 301 ҳазор доллар маблағ даромад оварданд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 36 млн. доллар бештар аст», - илова кард Аҳтам Абдуллозода.