Кормандони ширкати "МегаФон Тоҷикистон" як қатор тренингҳои омӯзиширо барои алоқачиёни ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд гузарониданд. Иштирокчиёни тренинг донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, инчунин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданд.

Менеҷер оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фазлиддин ҲАКИМХОҶАЕВ ба донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиш ва инкишофи интернет, инчунин доир ба пайдоиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Иштирокчиёни вохӯрӣ бо дурнамои рушди интернети мобилӣ, технологияҳои муосири дар доираи телекоммуникатсияҳо амалкунанда шиносоӣ пайдо намуданд. Дар баробари ин, онҳо фаҳмиданд, ки имкони дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаштани коромӯзиро доранд, чунин имконият барои онҳо як пешравист.  


Тахмина СУЛТОНОВА, донишҷӯи курси сеюми факултети “Телекоммуникатсияҳо ва инноватсияҳо” аллакай лар фикри он аст, ки дар куҷо фаъолияти худро пас аз хатми донишгоҳ оғоз намояд. “Дар соҳаи телекоммуникатсияҳо донишҳои назариявӣ кофӣ нестанд – аз ҳама муҳим қобилияти ба кор бурдани онҳо дар амал аст. Барои ҳамин дарси имрӯзаи омӯзишӣ барои ман хеле муфид омад. Ба мо доир ба лоиҳаҳои ҷолиби дар давлати мо амалишуда, меъёрҳои самаранокӣ ва малакаҳои айни замон дар бозори мобилӣ зарурӣ маълумотҳо расониданд. Албатта пас аз ҳама шунидаҳо ман мехостам фаъолияти касбиамро маҳз дар “МегаФон Тоҷикистон” оғоз намоям”, - фикри худро баён карда мегӯяд Тахмина.

“Мартабаи касбӣ аз ту оғоз меёбад – бо ҳамин калимаҳо кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба мактабҳои олии вилояти Суғд раҳсипор мешаванд, то ки донишҳояшонро ба дигарон низ расонанд. Афзоиши теъдоди мутахассисони ташаббускор, серғайрат ва ҷавон барои мо манфиатовар аст, бинобар ин мо мунтазам дарсҳои омӯзиширо дар доираи лоиҳаи “Ҷавонони оянда” доир менамоем”, - изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. –Донишҷӯёни фаъолтарине, ки дар давоми соли равон дар натиҷаи дарсҳои омӯзишӣ интихоб карда мешаванд, дар идораи мо мавриди коромӯзӣ қарор хоҳанд гирифт. Маҳз онҳо бо фаъолияти ширкат аз дохил шинос шуда, имкон пайдо мекунанд, ки донишҳои бештари муфиди амалиро ба даст оваранд”.