Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким дар твиттер хабар дод, ки аз 1 феврал ба истеъфо меравад. Директори генералии ташкилот Кристалина Георгиева иҷрокунандаи вазифаи президенти Бонки ҷаҳонӣ мешавад, хабар медиҳад Медуза.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҷим Ён Ким ба кор дар ширкате мегузарад, ки ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои зербиноӣ машғул аст. Номи ин ширкат зикр намешавад.

Ҳамчунин Ҷим Ён Ким ният дорад, ки боз ба ҳайати раёсати созмони байнулмилалии ғайридавлатии “Партнеры по здоровью” (Шарикон оид ба солимӣ) шомил гардад, ки яке аз муассисони он мебошад.

Ҷим Ён Ким соли 2012 ба муҳлати панҷ сол президенти Бонки ҷаҳонӣ шуд. Баъдтар шӯрои мудирони ин ниҳод ӯро дубора ба муҳлати нав интихоб кард, ки бояд соли 2022 ба итмом мерасид.