Шӯрои мудирони иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Стратегияи қолабии шарикӣ бо Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2019-2023 тасдиқ кард.

Дар доираи ин стратегия ба ҷумҳурӣ дар рушди бахши хусусӣ, бунёди сармояи инсонӣ ва беҳбуди устувории вазъи иҷтимоӣ, ҳамчунин такмили ниҳодҳои давлатӣ мусоидат карда мешавад.

Дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки модели имрӯзаи иқтисодии Тоҷикистон аз ҳисоби интиоли пул захира мегирад ва ба воридот вобаста аст. Зикр мешавад, ки стратегия ба он равона шудааст, ки иқтисоди кишвар ҳарчи бештар ба рушди бахши хусусӣ мутамарказ ва ба содирот нигаронида шуда бошад.

Сурат: WorldBank

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ ба таъмини имконоти бештар барои аҳолии ҷавон ва дар ҳоли афзоиш қарордоштаи кишвар шароит фароҳам меорад.

“Назди Тоҷикистон имконоти ба ҳалқаи энергетикӣ ва савдои минтақавӣ табдил ёфтан бо дастрасӣ ба бозорҳои бузурги кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Марказӣ вуҷуд дорад. Ин ба кишвар дар бунёди асос барои рушди иқтисоди муосир, ки ба беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои онҳо нигаронида шудааст, кумак мекунад”, - гуфтааст намояндаи доимии Бонк дар Тоҷикистон Ян-Петерс Олтерс.

Ӯ қайд кардааст, ки дар марҳилаи кунунии рушд дар иқтисод Тоҷикистон бояд ба рушди устувори бахши хусусӣ, фаъолияти пусамари ниҳодҳои давлатӣ ва аҳолии солиму коршоям такя намояд, то ки дар муҳити тағйирёбандаи глобалӣ ба ҳадафҳои рушди худ ноил гардад.

Стратегияи панҷсолаи шарикӣ тавассути се ниҳоди шомил ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ - Бонки ҷаҳонӣ, Коропоратсияи байнулмилалии молиявӣ IFC ва Агентии бисёрҷонибаи имтиёзҳои сармоягузорӣ (МИГА) дар ҳамкории наздик бо шарикони рушди маҳаллӣ ва байнулмилалӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.