Ҳамасола 19-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнулмилалии кумак ба камбизоатонро таҷлил мекунад. Он соли 1995 аз ҷониби СММ муқаррар шуд.

Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, дар охири асри ХХ наздики чоряки аҳолии сайёра, яъне 1,5 млрд. нафар камбизоат дониста мешуданд. Таҳқиқот бозгӯйи он аст, ки дар давраи аз соли 1999 то 2007 зиёда аз 300 млн. нафар аз қашшоқӣ фавтиданд. Қобили зикр аст, ки ҳатто дар ду ҷанги ҷаҳонӣ ин шумор одамон қурбон нашуда буданд.

Бо вуҷуди рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва ба сатҳи баланди зиндагӣ расидани теъдоди бештари одамон, то ҳол камбизоатӣ яке аз мушкилоти калидии инсоният боқӣ мемонад.

Давоми солҳои 2012-2018 мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон 10 банди фоизӣ – аз 37,4% то ба 27,4% поин рафт.

Бо вуҷуди ин, байни минтақаҳои кишвар фарқи назаррас ҷой дошта, камбизоатӣ бештар хоси деҳот аст. Ва то ҳол ба мо кумаки башурдӯстона мефиристанд.

Тӯли солҳои 2010-2018 Тоҷикистон беш аз 180 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ба маблағи 614 млн. доллар гирифт. Кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон дар солҳои 2010-2014 – ИМА, солҳои 2015-2018 – Русия, Чин ва Олмон мебошанд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.