Бинокорони Чин ба наздикӣ бунёди маҷмааҳои бинои ҳукумат ва парлумонро дар пойтахти Тоҷикистон оғоз мекунанд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки айни замон таҳияи лоиҳа ва тарҳи нигораи биноҳо бо назардошти меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон ба анҷом расида, онҳо аз ташхиси давлатӣ гузаштанд.

Ӯ қайд кард, ки оид ба интихоби паймонкори кулл, ки баъд аз якуним моҳ муайян мешавад, тендер эълон шудааст. Ба гуфтаи Аҳмадзода, пас аз ин корҳои сохтмон оғоз мегарданд.

Таъкид шуд, ки барои сохтмони ин биноҳо Чин ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 млрд юан маблағ ҷудо кард.

“Чин ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ кас ба ин миқдор грнати калон надодааст, танҳо ба Тоҷикистон. Аммо ягон кишвар чунин маблағ намедиҳад. Онҳо шарт гузоштанд, ки худашон паймонкор инихоб мекунанд, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам ба кор мегиранд”, - гуфт Аҳмадзода.

Раиси Кумита қайд кард, ки маъмурияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ ба сифати ёвари фармоишгар фаъолият хоҳад кард. “Мо сифати корро назорат мекунем”, - гуфт ӯ.

1/2

Гранти Чин

Ёдрас мекунем, ки Созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (215 млн. доллар) барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли 2017 зимни сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин имзо шуда буд.

Баъди як сол байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи додани кумаки бебозгашти иловагӣ дар ҳаҷми 900 млн. юани чинӣ барои омода ва амалисозии лоиҳа оид ба сохтмони ин манзилҳо, лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонӣ, фарҳанг ва маориф созишнома ба имзо расид.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Сироятёбии бинокорони Чинро аз коронавирус месанҷанд

Ҷамшед Аҳмадзода зикр кард, ки дар робита ба хуруҷи коронавирус дар Чин, Вазорати тандурустӣ аз Кумита дархост кардааст, ки доир ба шумори корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон, ки ба сохтмон машғуланд маълумот диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ 31 ширкати Чин ба иҷрои корҳои сохтмон иҷозатнома доранд. “Лекин аксари онҳо кор намекунанд”, - гуфт ӯ.

Дар бораи шумори шаҳрвандони Чин дар ин корхонаҳо маълумот дода нашуда, тавсия дода шуд, ки ба Вазорати меҳнат муроҷиат кардан лозим аст.

Қаблан муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода ба рӯзноманигорон дар бораи муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ширкатҳои Чин, ки дар ҷумҳурӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ машғуланд, хабар дода, инро ба муроҷиати Вазорати тандурустӣ доир ба хуруҷи коронавирус дар Чин марбут донист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.