Бонки осиёии рушд (БОР) нишондиҳандаҳои солонаи ҷудокунии маблағҳоро ба Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 40% барзиёд иҷро кард.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти сол аз рафти амалисозии лоиҳаҳои муштараки Бонки осиёии рушд бо ҳукумати Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

“Соли 2019 дар умум ҷараёни хуби амалисозии лоиҳаҳо дар кишвар идома ёфта, танҳо имзои қарордоди як лоиҳа каме кашол ёфт”, - қайд кард роҳбари шуъбаи БОР оид ба маъмурикунонии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон Ризо Фаррух, ки ҳамроҳи муовини роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Шараф Шерализода аз ҷониби Тоҷикистон ҷаласаро роҳбарӣ мекард.

Ризо Фаррух қайд кард, ки соли 2019 лоиҳаҳои БОР ба нишондиҳандаи солонаи 143% ва азхудкунии маблағҳо ба 98% аз нишондиҳандаҳои солонаи имзои қарордодҳо расиданд.

Дар ҷаласа масоиле, ки ба татбиқи лоиҳаҳо таъсир мерасонанд, баррасӣ гардида, тадбирҳои ҳалли онҳо мувофиқа шуданд. Расмиёти дохилии дарозмуҳлат оид ба тасдиқи созишномаҳои грантӣ ва иҷрои шартҳои мавриди амалисозӣ қарор гирифтани лоиҳаҳо, ҳамчунин масоили андозбандии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби БОР маблағгузорӣ шудаанд, то ҳол таваҷҷуҳ ба худ ҷалб мекунанд.

Сурат: БОР

БОР дар маросими махсус зимни ҷаласа лоиҳаҳоеро, ки соли 2019 ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуданд, қайд карда, ба онҳо мукофот тақдим намуд.

Соли 2019 ҳаҷми сандуқи БОР дар Тоҷикистон аз 16 лоиҳаи дар марҳилаи татбиқ қарордошта ба маблағи умумии 768 млн доллар иборат аст, ки 686 млн доллар ё худ 89% бар асоси грантӣ маблағгузорӣ шуданд. Дар ин самт ба соҳаҳои энергетика ва нақлиёт афзалият дода шуд, ки маблағгузориҳои БОР ба онҳо аз ҳаҷми умумӣ мутаносибан 45,1% ва 29,5%-ро ташкил дод.

Бонки осиёии рушд ҳамчунин ба рушди бахши кишоварзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва рушди деҳот (9,2%), таъминот бо об, дигар зерсохтори шаҳрӣ ва хизматрасониҳо (5,4%), соҳаи тандурустӣ (4,2%), маориф (4,1%) ва бахши молия (2,5%) маблағгузорӣ кард. Ғайр аз ин, ба маблағи умумии 7,3 млн доллар 9 лоиҳаи грантии кумаки техникӣ татбиқ шуд.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст, ки зиёда аз 1,3 млрд доллари он дар шакли грант дода шудааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.