Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пайвастанд, омӯхта истодааст.

“Танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта мешавад”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ИИАО мавиди омӯзиш қарор дорад.

“Қарор дар бораи узвият ба ИИА ҳоло қабул нашудааст ва маълум ҳам нест, ки он кай аз ҷониби ҳукумат қабул мешавад”, - илова кард Завқизода.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки “қабл аз узвият ба ин ё он созмону иттиҳод, ҳамаи паҳлӯҳои мусбату манфии оқибати онро омӯхтан лозим аст”.

“Дар яке аз бандҳои шартномаи ИИАО зикр мегардад, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад, лекин мо медонем, ки қисмати зиёди буҷети кишвари мо аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад”, - қайд карда буд Каримзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.