Истеҳсоли барқ тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар неругоҳи барқии обии Роғун нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 баробар афзуд.

Тибқи маълуомти ШСХК “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар неругоҳи Роғун 595 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 385 млн кВт/соат зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо ду агрегати неругоҳи Роғун кор мекунанд: агрегати аввал моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм - моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Дар нерӯгоҳи Роғун  насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст. Анҷоми пурраи сохтмони неругоҳ соли 2033 дар назар аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Чанде пеш вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли равон ба сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳисоби буҷет 2,1 млрд сомонӣ ҷудо шуда, то ин дам 1,3 млрд сомонӣ аз ин маблағ азхуд шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.