Тоҷикистон оқибатҳои ҷиддии пандемияи коронавирусро аз сар гузаронида истодааст, чунин хулоса баровардаанд коршиносони ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пас аз музокироти виртуалӣ.

“Таъсири пандемия ба солимии одамон начандон вазнин буд, лекин мушкилоти савдо бо шарикони калидӣ ба фаъолнокии иқтисодӣ ва интиқоли маблағ таъсири манфӣ расонид”, - таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, босуръат поинравии сатҳи даромад барои иҷрои буҷети бозбинишудаи кишвар дар соли 2020 мушкил эҷод кард.

Намояндагони ХБА дар баробари дигар тадбирҳо дастгирӣ ба Фонди суғуртаи амонатҳо ва барҳамдиҳии ду бонки нодорро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин зарурати ҳалли мушкили камбуди асъор қайд мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳар музокироти тайи солҳои охир ҳайати ХБА  барҳамдиҳии ду бонки мушкилдори ҷумҳурӣ - “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро тавсия медиҳад.

Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо дар ҳаҷми зиёда аз 3,3 млрд сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо кард.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки айни замон бонкҳои зикршуда низомсоз набуда, ҳолати онҳо дигар ба суботи молиявӣ хатар эҷод намекунад.

Охири моҳи ноябри соли гузашта раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба вакилони палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки иҷозатномаҳои “Тоҷиксодиротбюонк” ва “Агроинвестбонк” бозхонда намешаванд, зеро вазъи молиявии ин бонкҳо тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Қаблан моҳи майи соли 2019 Бонки миллӣ изҳор дошта буд, ки агар ин бонкҳо то охири сол сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда натавонанд, онҳоро аз иҷозатнома маҳрум мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.