Парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул сар аз 8-уми октябр барқарор мешаванд ва ҳафтае ду бор сурат мегиранд. Ин тасмимро мақомоти тоҷик дар чанд рӯзи пеш гирифтаанд ва минбаъд парвозҳои муқаррарӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз оҷонсии "Авиатсияи гражданӣ" хабар доданд.
Парвозҳо дар як ҳафта ду бор дар масири Душанбе-Стамбул-Душанбе анҷом мешаванд, ки рӯзи душанбеи ҳафта ширкати туркӣ ва рӯзи чаҳоршанбе ширкати “Сомон Эйр” мусофиронро ҳамлу нақл хоҳанд кард.
Ширкати "Сомон Эйр" қарор аст рӯзи 8-уми октябр нахустин парвози муқаррарии худро анҷом диҳад ва ин парвоз аллакай шомили низоми парвозҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ширкати "Turkish Airlines" ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло нархи билетҳо ҳанӯз ниҳоӣ нашудаст ва ҳамчунин ҷадвали парвозҳо комилан дақиқи нашудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ рӯзи душанбе ҳам нархи билет ва ҳам ҷадвали парвозҳо ниҳоӣ хоҳад шуд.
Баъди ҳамагирии коронавируси COVID 19 парвозҳои мустақим минёи Душанбеву Истамбул қатъ шуда буданд ва мақомоти тоҷик чандин парвози чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд. Ҳамаи ин парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста