Пандемияи коронавирус, ки бар асари он боркашонӣ ва мусофиркашонии байнулмилалӣ қатъ ё боздошта шуд, ба ҷумҳурӣ ба маблағи 300 млн сомонӣ зарар расонид.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳаҷми зиён танҳо дар боркашонӣ тариқи автомобил ба беш аз 272 млн сомонӣ расида, боқимонда 28,9 млн сомонии зарар ба соҳаи мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳан рост меояд.
“Коронавирусро касе интизор набуд ва албатта, он ба ҳама кишварҳо, ҳатто давлатҳои дорои имконоти бузурги иқтисодӣ зарари зиёд расонид. Барои кишвари мо ҳам дар ҳамлу нақли бору маҳсулот мушкилоти муайяне вуҷуд дошт, бахусус боркашонии байнулмилалӣ”, - гуфт ӯ.
Дар баробари ин вазир афзоиши ҳаҷми боркашониро дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қайд кард. Соли 2020 ин корхона 6,3 млн тонна бор кашонидааст, ки 5,8 млн тоннаи он ба ҳамлу нақли байнулмилалӣ рост меояд.
Ба гуфтаи вазир, ҳамаи қатораҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, барои роҳ надодани вуруди коронавирус ба кишвар коркарду поккорӣ мешаванд.
Азим Иброҳим қайд кард, ки дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон айни замон ба маблағи умумии 618,5 млн доллар бо қарз ва созишномаҳои грантӣ 10 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.
“Ва 510 млн доллар тибқи созишномаҳои имзошуда бо шумули гранту кумаки техникӣ дар ҳаҷми 203,8 млн доллар (32,9%), қарзи хориҷӣ ба маблағи 351 млн доллар (56,8%) ва саҳми ҳукумат ба маблағи 63,6 млн доллар (10,3%)”, - изҳор дошт Азим Иброҳим.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста