Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо раҳбарияти Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузориҳо (MIGA) масоили мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрии маҷозӣ рӯзи сешанбе ноиби президенти MIGA Виҷай Айер, директор оид ба амалиёти MIGA Сарвеш Сури ва роҳбари департаменти кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин Агентӣ Олга Скловская иштирок краданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи ҶТ.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи дастгирии Тоҷикистонро дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва нақлиёт аз ҷумлаи афзалиятҳои кишвар зикр шудааст.
“Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба минбаъд таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созанда изҳори омодагӣ карданд”, - илова мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки нисбат ба соли 2019 дар соли 2020 ҷалби сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 53% кам шуд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар соли гузашта ҷалбшуда 428 млн долларро ташкил медиҳад.
Сармоягузорони асосӣ ба Тоҷикистон дар ин давра Чин (зиёда аз $150 млн), Арабистони Саудӣ ($39 млн), Филиппин ($38 млн) дониста шудаанд.
Ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармоягузории ҷалбшуда ҳудуди 38% - 162 млн долларро ташкил додааст.
Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузориҳо (MIGA) узви мустақили гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон соли 2019 ба узвияти ин Агентӣ пазируфта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.