Таърихи 12-уми апрел вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм - Нуробод марҳилаи якум, яъне сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд.
Вазорати нақлиёт дар шарҳи қарордод менависад, лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар, сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул (бо масофаи умумии 1,7км) иборат аст.
Тибқи маълумоти Вазорат, маблағи умумии анҷоми корҳои дар боло зикршуда 178,1 млн долларро ташкил медиҳад.
Маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои зерин сурат мегирад: Гранти Бонки осиёии рушд – 110 млн доллар; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллар; Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 28,1 млн. доллар.
Азим Иброҳим зимни мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои судманд идома хоҳанд ёфт ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.
Бунёди қитъаи роҳи мазкур марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод мебошад. Амалисозии лоиҳа ба се марҳила тақсим карда шудааст.
Масофаи умумии роҳи мазкур 75 километрро ташкил дода, маблағи хароҷот ба он - 350 млн доллар арзёбӣ мешавад.
Зарурати сохтмони роҳи нави Обигарм-Нуробод дар он ифода меёбад, ки ба андозаи пур шудани обанбори неругоҳи Роғун роҳи кӯҳна зери об мемонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста