Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон "каме сабр" кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.
Бояд гуфт, ки бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо дар зербахшҳои "Ориёнбонк" пулҳояшонро медиҳанд.
«Бо дар назар гирифтани шумораи зиёди амонатгузорони ҶСК «Агроинвестбонк» (бештар аз 27,0 ҳазор. нафар), Хазина тафтиши пурраи омода кардани рӯйхати амонатгузоронро анҷом дода, дар марҳила ба итмом расонидани корҳои лозимии омода карлани чораҳои омодагиву техникии бонк-агент аст. Дар робита ба ин, Хазина бо эҳтиром аз ҳамаи амонатгузорони ҶСК "Агроинвестбонк" хоҳиш мекунад, ки сабр кунанд ва дарк кунанд - таърихи пардохти амонатҳо муайян ва рӯзҳои наздик эълон карда мешавад",-гуфта мешавад дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки барои пардохти ҳамаи амонатгузорони ҳар ду бонки дар ҳоли барҳамхӯрӣ 215,0 миллион сомонӣ зарур аст, ки 67% ҳаҷми умумии маблағҳои захиравии Хазинаи ҷуброни суғуртаро ташкил медиҳад.
Дар ин Хазина мегӯянд, ки маблағҳо барои бозпас гардонидани амонатҳои мардум басандаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз "Ориёнбонк" ҳамчунин "Амонатбонк" низ ба унвони бонк-агент ворид карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста