Болоравии навбатии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия - орду гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, ғалладона, сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти қаннодӣ ва макарон.

Аслан ҳама чиз гарон мешавад

Дар супермаркет ва бозорҳо нархи миёнаи шир то 6,5-7 сомонӣ боло рафт. Ҷурғот (кефир) дар зарфи пластикии вазнаш 450 грамм 7 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки аввали сол нархи он ба 4-5 сомонӣ баробар буд.

Аз ҳама бештар қаймоқу творог гарон шуд. Бастаҳои вазнашон аз 200 то 400 грамми қаймоқ 8-10 ва творог - 12 сомонӣ аст. Ду моҳ пеш онҳоро мутаносибан бо нархҳои 5 ва 7 сомонӣ харидан мумкин буд.

Нархи ғизо барои кӯдакон қариб ду баробар - аз 30-40 сомонии чанд моҳе пештар то ба 50-60 сомонии ҳозира зиёд шуд.

Тайи ду ҳафтаи ахир як халта орд ба андозаи 20 сомонӣ қимат шуда, ба нишондиҳандаи 270 сомонӣ расид.

Коршиносон сабабҳои инро ба афзоиши сатҳи таваррум (9%), сатҳи пасти рақобатпазирӣ байни истеҳсолкунандагон ва буҳрон дар соҳаи таъминот бо маводи сӯзившорӣ марбут медонанд.

Ба гуфтаи онҳо, афзоиши нархи маводи сӯзишворӣ ба зиёдшавии хароҷот дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дастрасии хӯроки чорво, нуриҳои минералӣ, иҷораи техника боис гардид.

Афзоиши талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар робита ба зиёдшавии шумори аҳолӣ аз ҷумлаи боз як омили болоравии нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ номбар карда мешавад.

Чӣ, дар куҷо ва бо кадом нарх?

Аввали ҳафта дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар нархҳои зерин ба қайд гирифта шуданд (ин омори расмист, нархи воқеӣ метавонад зиёдтар бошад):

Гӯшти гов – аз 58 сомонӣ  (Хоруғ) то 66 сомонӣ (Кӯлоб, Турсунзода)

Гӯшти гӯсфанд – 59 (Хоруғ) -75 (Хуҷанд, Исфара, Турсунзода) 

Нахӯд -  13 (Ҳисор)-17 (ҳамаи марказҳои вилоят)

Марҷумак (гречка) – 13-15 (Ҳисор) – 15 (ҳамаи шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон)

Қаймоқ -23 (вилояти Хатлон) - 45 (Душанбе)

Ҳасиби пухта – 27 (Хуҷанд) – 70 (Бохтар)

Ҳасби дуддодашуда (копчёная) – 30 (Душанбе) – 50 (Бохтар, Кӯлоб)

Гӯшти мурғ – 29 (Хуҷанд) – 39 (Хоруғ)

Маснуоти макаронӣ – 9 (Душанбе) – 11 (вилояти Хатлон)

Маска (сливочное масло) – 30 (Душанбе) – 100 (Хуҷанд)

Шир – 5 (вилояти Хатлон) – 7 (Хоруғ)

Равғани растанӣ – 25 (дар саросари ҷумҳурӣ)

Биринҷ – 13 (Хуҷанд, Турсунзода, Истаравшан)- 18 (Кӯлоб)

Шакар (қанд) – 10 сомонӣ (дар саросари ҷумҳурӣ)

Намак – 0,5 (Душанбе) – 1,5 (Хуҷанд, Хоруғ)

Панир – 47 (Хоруғ) – 75 (Бохтар)

Лӯбиё – 17-18 (дар саросари ҷумҳурӣ)

Тухм – 1,1 (Душанбе) – 1,3 (Хоруғ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.