Айни замон ҳаҷми об дар обанбори Норак дар нишондиҳандаи ниҳоӣ қарор дошта, барои истеҳсоли мунтазами барқ дар кишвар ҳамаи шароит фароҳам аст.

Хабарнигори мо бо як ҳайати рӯзноманигорон баҳри инъикоси сафари намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл аз неругоҳи Норак боздид намуд.

Корманди неругоҳ ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки сатҳи об дар обанбори Норак дар сатҳи ниҳоӣ - 910,69 метр қарор дошта, пурра ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар аст.

Зикр шуд, ки маҷрои дарёи Вахш ва ҳаҷми оби обанбор пурра ба истеҳсоли мунтазами барқ барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ва содироти начандон зиёди он ба хориҷи кишвар имкон медиҳанд.

1/9

Об кофист

Ба гуфтаи кормандони неругоҳ, маҳдудият (лимит)-и ҳозираи истифодаи барқ дар деҳот ба ҳеҷ ваҷҳ ба захираи об дар обанбори Норак рабт надорад.

Ҳамчунин рӯзноманигорон  аз толори мошинҳо неругоҳ боздид намуданд, ки дар он 9 агрегат насб шуда, 8-тои он 335 Мвт ва 1-тоаш 320 Мвт иқтидор доранд.

Айни замон 6 агрегат неруи барқ истеҳсол намуда, 1 агрегат мавриди таъмир ва 2-тои он дар захира қарор доранд.

Муҳлати умумии татбиқи лоиҳаи таъмиру навсозии неругоҳ 10 солро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозӣ иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3 ҳазор МВт то ба 3 ҳазору 300 МВт боло меравад.

Сабаби лимит номбар намешавад

“Бо вуҷуди имрӯз ба миқдори кофӣ - ба ҳисоби миёна 43,5 млн кВт/соат дар як шабонарӯз истеҳсол шудани барқ дар кишвар, аз аҳолӣ даъват мекунем, ки барқро сарфакорона истифода баранд”, - даъват мекунад ширкати “Барқи тоҷик”, ки сабаби асосии лимити барқро ба аҳолӣ то ҳол шарҳ намедиҳад.

Ширкат ҷорӣ гардидани лимитро рад намуда, реҷаи маҳуди истифодаи барқро, ки аз 7 октябр дар минақаҳо идома дорад, ба баргузории корҳои таъмир дар иншооти барқӣ вобаста медонад.

Мутахассисон мегӯянд, дар мавсими зимистон сарборӣ ба неругоҳи Норак қариб 50% зиёд мешавад: агар тобистон неругоҳ 55%-и талаботи Тоҷикистонро таъмин кунад, пас дар давраи зимистон он ба 75% мерасад.

Мутахассисони неругоҳи Норак изҳор намуданд, ки барои кори муътадил ва пурсамар дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ҳамаи навъи гидроагрегат ва таҷҳизоти ёридиҳанда корҳои омодагӣ ва таъмирро ба анҷом расонидаанд.

Ба гуфтаи онҳо, неругоҳ пурра метавонад аҳолии кишварро дар фасли зимистон бо барқ таъмин кунад.

Бо вуҷуди ин, барқ нест

Имрӯзҳо арзу шикояти аҳолӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар мавриди интиқоли барқ идома дорад. Дар баъзе минтақаҳо аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шом барқ дода мешавад. Лекин ин реҷа ҳам на дар ҳама ҷо риоя мешавад.

Аксарият норасоии барқро ба содироти дар ҳоли афзоиш қарордоштаи он ба хориҷи кишвар марбут медонанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, аз оғози сол то моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 89,4 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 36,1 млн доллар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.