Рушди иқтисодӣ дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон то 4,1% ва дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ - то 3% коҳиш хоҳад ёфт.
“Ин қисман ба оқибатҳои пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии молиявӣ ва халалдор шудани кори таҳвили молу маҳсулот дар саросари дунё вобаста хоҳад буд”, - омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ.
Гуфта мешавад, дурнамои барқароршавӣ дар соли 2023 бо хатарҳои ҳама намудҳо бо шумули навъҳои нави коронавирус, таваррум ва нооромиҳои молиявӣ марбут хоҳад буд.
Мувофиқи пешгӯиҳо, соли 2022 суръати рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи марказӣ то 3 фоиз коҳиш хоҳад ёфт, ки дар муқоиса бо соли 2021 (5,8 фоиз) қариб ним баробар пинтар аст.
Ин бо “шиддатёбии сиёсати макроиқтисодӣ ва мавҷҳои нави COVID-19, аз ҷумла штамми “омикрон”-и он асоснок карда мешавад.
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.
Мутахассисони ин ниҳоди молиявӣ коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 - то 4,5% пешгӯӣ мекунанд.
Рушди бештар дар минтақа ба иқтисоди Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмии ҳукумати кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод.
Ҳарчанд ҳукумат дар соли 2021 рушди воқеиро дар сатҳи 7,6% ба нақша гирифта, Бонки ҷаҳонӣ - 3,5% пешгӯӣ карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста