Тайи ду ҳафтаи ахир қурби рубли Русия дар Тоҷикистон нисбати асъори миллӣ - сомонӣ ба андозаи 5,4% поин рафт.
Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 25 январ 1 ҳазор рубли Русия бо 143,6 сомонӣ иваз мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 13 январ ба ин миқдор рубл 151,8 сомонӣ маблағ гирифтан имкон дошт.
Тез-тез тағйирёбии қурби рубл дар ҷумҳурӣ аз охири соли гузашта мушоҳида шуда, аз 27 декабр то 7 январ 4,4% поин рафт. Баъдан то 13 январ тадриҷан барқарор шудани қурби пули Русия мушоҳида шуд.
Ноустувории рублро маъмулан ба тағирёбии нархи ҷаҳонии нафту газ (маводи сӯхт) рабт медиҳанд, ки воқеан ҳам ба он вобаста аст.
Тибқи маълумоти Идораи омори Русия, соли 2020 даромади Русия аз нафту газ 15,2% нисбати ММД- ин кишвар ва дар низоми буҷетӣ ин даромад тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, 46%-ро ташкил додаанд.
“Аз охири моҳи октябри соли 2021 дар расонаҳои амрикоӣ доир ба омодагии Русия ба "ҳуҷуми" Украина гузоришҳо пайдо шуданд. Пас аз ин ИМА ва Иттиҳоди Аврупо изҳор намуданд, ки дар сурати амалӣ гардидани ҳуҷуми мусаллаҳона таҳримҳо ҷорӣ мекунанд. Аввали соли 2022 шиддати вазъи геополитикӣ боз ҳам бештар тақвият гирифт”, - менависад РБК.
Қобили зикр аст, ки барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар кадом сатҳ қарор доштани қурби рубл хеле муҳим аст.
Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, зиёда аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" пас аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева
Оббандии Қирғизистон қулфинайро дар Овчӣ-Қалачаи Суғд пастсифату гаронарзиш кард
Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд
Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд
Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон
Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд
Дар Ереван низ беш аз 90 ширкаткунандаи раҳпаймоиҳои мухолифинро боздошт кардаанд
Изҳороти "Азия-Плюс" дар мавриди вазъи ВМКБ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста