Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли гузашта (с.2020) аст.
Бо такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол 22,9% афзудааст, ки байни кишварҳои Иттиҳод натиҷаи баландтарин мебошад.
Масалан, ин нишондиҳанда дар Русия 5%, Ӯзбекистон - 9,5%, Қирғизистон - 0,2% ва Қазоқистон - 2,9%-ро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 32%-и ҳисса ба соҳаи истихроҷи кӯҳӣ, 20% - ба истеҳсоли неруи барқ ва 19% - ба саноати хӯрокворӣ рост меояд.
Дар соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 271 ҳазор тонна маъдани покшуда, 1,2 млн тонна семент ва зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.