Ширкатҳои марбутаи энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя дар давраи баҳору тирамоҳи соли ҷорӣ созишнома ба имзо расониданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо, аз ҷумла ҳаҷму таърифаҳоро мувофиқа сохтанд, ки мувофиқи он дар давраи тирамоҳ Ӯзбекистон аз Тоҷикистон бо нархи 2 сент барои 1 киловатт 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари “Барқи тоҷик” зикр кард, ки айни замон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон неруи барқ интиқол дода намешавад.
Дар робита ба таърифаҳои паст зикр шуд, ки он ба арзиши гази моеъ вобаста аст, ки аз Ӯзбекистон бо нархҳои нисбатан паст ба Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Ғайр аз ин, дар мавсими тобистон Тоҷикистон бо нархи 4,65 сент барои 1 киловатт дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.