Масъулини ширкати “Asian Express” тасмим доранд, ки шурӯъ аз 2 июни соли равон ҳаракати автобусҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор кунанд. Онҳо бо нашри як хабарнома дар саҳифаи расмиашон дар “Инстаграм” навиштаанд, ки “мусофирон метавонанд аз терминали байналмилалии шаҳри Душанбе (Автовокзали Душанбе) бо автобусҳои ин ширкат ба Маскав сафар намоянд”.
Дар эълон ҳамчунин, зикр шудааст, ки “дар ин баробар Шумо имкон доред, ки аз шаҳри Маскав бо ҳамин хатсайр ба Душанбе баргардед”.
Аммо тавре масъулони ширкат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир на ҳама метавонанд аз ин масир ба Маскав бираванд. Зеро Русия то ҳол марзҳои заминиашро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз накардааст. Аз ин рӯ, ҳоло танҳо онҳое метавонанд аз ин автобусҳо истифода кунанд, ки ҳаққи сафар ва ё вуруд ба Русияро тариқи роҳҳои заминӣ доранд.
Баъди нашри эълони роҳандозӣ шудани автобусҳо дар ин масир, хонандагони зиёде аз “Азия-Плюс” дархост намуданд, ки дар мавриди шарту шароит ва шеваҳои сафар маълумоти бештар пешниҳод шавад.
Маълум гардид, ки тавассути автобусҳои “Asian Express” танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои лозим барои вуруд ба Русия ва ё шаҳрвандии ин кишварро доранд, метавонанд то ба Маскав бираванд. Ҳамчунин нафароне, ки яке аз хешовандони наздикашон шаҳрвандии Русияро доранд ё хешовандони наздики бемор доранд, ки дар ин кишвар ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад ё онҳое ки дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон иштирок кардандаанд низ шомили ин гуруҳи мусофирон мешаванд. Ҳамчунин касоне, ки аз ҳаққи иқомат дар Русия (Вид на жительство ва РВП) бархӯрдоранд, метавонанд мусофири ин автобусҳо бошанд.
Яке аз масъулони ширкати “Asian Express” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ин гуна аснодро надоранд, наметавонанд тавассути автобусҳои ин ширкат ба Русия сафар кунанд.
Манбаъ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир нархи сафар дар ин масир 1000 сомонӣ барои як тараф пешбинӣ шудааст ва вобаста ба талабот имкон дорад, ки кам ё зиёд шавад.
- Ҳоло танҳо чунин ният дорем, вале намедонем, ки чӣ мешавад. Чунки талабгорони сафар хело кам ҳастанд. Онҳо бештар шаҳрвандони худи Русия ҳастанд, ки шуморашон хело кам аст. Шояд танҳо тоҷиконе, ки барои барномаи кӯчонидани ҳамватанон ширкат кардаанд, раванд, ки шумораи онҳо ҳам хело кам аст. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон шояд моҳҳои июн сарҳад боз шавад, он вақт онҳо метавонанд бо хатсайри мо ба ин кишвар раванд,- афзуд ин намояндаи ширкат.
Манбаъ гуфт, то ба ҳол вақти муайяни сафар дақиқ нашудааст ва аз сабаби он ки талабгорон кам ҳастанд, ҳар вақте мусофирон такмил шаванд, онҳо омодаанд, ки ба сафарро оғоз кунанд.
- Ҳоло маълум нест, ки дар як ҳафта чанд сафар анҷом медиҳем. Ҳамин ки одам ҷамъ шуд, меравем. Вақти муайян нест. Агар дар оянда талабот зиёд шавад, шояд ки дар як ҳафта ду ё се бор сафар кунем. Ҳоло маълум нест. Ҳатто аниқ ҳам нест, ки аз Русия ба Тоҷикистон мусофир мешавад ё не, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тасмими роҳандозӣ намудани хатсайри автобус дар ҳолест, ки беш аз ду сол мешавад, ки Русия сарҳадҳои заминии худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст.
Дар гузашта гуфтугузорҳо дар мавриди боз шудани сарҳади заминӣ ё тавассути кишвари сеюм ба ин кишвар ворид шудани тоҷикон расонаӣ шуда буд. Вале дертар сафорати Русия дар Тоҷикистон чунин иттилоъро рад кард.
Аз ҷумла, дар пайи боз шудани сарҳадҳои заминии Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва гуфтугузорҳо дар мавриди он ки тавассути Қазоқистон тоҷикон ҳам метавонанд ба Русия равнад, рӯзи 18 апрели соли равон сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфта буд, ки тавассути сарҳади заминии Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, вориди Русия шаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста