Тайи 6 соли охир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 37 баробар зиёд шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода бо муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов рӯзи 26 май зикр шуд, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 173,6 млн доллар расид, ки 40,5 млн доллар ё худ 30,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.
“Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.
Ёдрас мекунем, ки бо сари ҳокимият омадани президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 муносибатҳо байни ду кишвар ба сатҳи нав баромаданд.
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста