Ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил доданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council).
Тиллои пулӣ — ин тиллои ҷисмонӣ дар шакли тангаҳо, сабикаҳо ё табақчаҳоест, ки поккорӣ шуда, тозагии аз 995 то 1000 доранд. Металл бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонии Delivery Gold ҷавобгӯ бошанд. Он одатан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ва ё вазоратҳои молияи ҷаҳон мебошад.
Захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон дар Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло, то аввали моҳи май захираҳои асъори Тоҷикистон зиёда аз 758 млн доллар ва ҳаҷми умумии тиллову асъори кишвар - беш аз 1,8 млрд долларро ташкил додаанд.
Захираҳои бештари тиллоро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон - 368,12 тонна дар ихтиёр дорад. Зхираҳои Ӯзбекистон ба 337,47 тонна ва Қирғизистон - ба 10,19 тонна баробар аст. Дар бораи чунин захираҳои Турманистон маълумот дастрас нест.
Дар панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ин самт ИМА (зиёда аз 8,1 ҳазор тонна), Олмон ( 3,4 ҳазор тонна), Италия (2,5 ҳазор тонна), Фаронса (2,4 ҳазор тонна) ва Русия (2,3 ҳазор тонна) қарор доранд.
Зимни таҳияи гузориш таҳлилгарони Шӯрои ҷаҳонии тилло аз омори Хазинаи байнулмилалии асъор, ки ба маълумоти бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон асос ёфтааст, истифода мекунанд.