Ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 340 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд.
Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин нишондиҳанда 41% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Аз ҷумла, дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, зиёда аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ва дар ҳаҷми умумии 21 ҳазор тонна инчунин битум, равғанҳои молиданӣ ва кокси нафтӣ интиқол дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҳудуди 392 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва беш аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад.
Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.
Яке аз шартҳои асосии тариқи имтиёз дастрас намудани маҳсулоти нафтӣ аз Русия манъи содироти дубора (реэкспорт)-и он ба кишварҳои сеюм аст.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёзнок аз Русия барои соли 2022 ба мисли солҳои пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, лекин воридоти воқеии он давоми солҳои қаблӣ аз 600 ҳазор тонна зиёдтар набуд.
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста