Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи нисбатан бештари рушди иқтисодро байни шаш кишвари ин бонк дар Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.
Дар Гузориши навбатии макроиқтисодии БАОР гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои нимсола иқтисоди Русия ва Беларус ба коҳиш дучор шудаанд.
Дар дигар кишварҳои иштирокчии БАОР руши устуворонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) идома дорад: 11,8% дар Арманистон, 3,4% - дар Қазоқистон, 6,3% - дар Қирғизистон ва 7,4% - дар Тоҷикистон.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки ММД-и минтақа дар зарфи 6 моҳи соли равон ба сурати умум дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта боқӣ мондааст.
Таҳлилгарони ин созмони минтақавӣ таъкид мекунанд, ки вазъ дар иқтисоди кишварҳои узви БОР дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ назар ба интизоридошта беҳтар рушд кардааст. Ва онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ то охири соли 2022 дар аксари кишварҳои узви БОР беҳтар аз пешгӯиҳо хоҳанд буд.
“Ба ин, аз ҷумла суръати хеле баланди мутобиқшавӣ ба маҳдудиятҳои ҷорӣ ва хусусияти таъхирнопазири таҳримҳо дар истихроҷи нафт мусоидат мекунад. Амалкарди мақомот дар дастгирии иқтисоди минтақа низ саҳми арзанда доранд: ҳавасмандгардонии сиёсати андозу молия, коҳиши назарраси меъёрҳо дар Русия, инчунин чораҳои мусоидат ба таъсиси занҷирҳои истеҳсолӣ ва таъминот (логистика)”, - зикр мешавад дар гузориш.