Лимит (маҳдудият)-и обгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об дар Ашқобод тасдиқ шуда буд.
Мувофиқи лимит, ҳамагӣ дар як сол (дар давраи аз 1 октябр соли 2022 то 1 октябри соли 2023) обгирӣ аз ҳавзаи Амударё бояд 55,4 млрд метри мукаабро ташкил диҳад, ки аз ин 15,7 млрд метри мукаабаш ба давраи байни обёрӣ ва нашъунамо (то 1 апрели соли 2023) рост меояд.
Тибқи ин созишнома, Тоҷикистон 9,8 млрд метри мукааб, Ӯзбекистон - ҳудуди 23,6 млрд ва Турманистон - 22 млрд метри мукааб об мегиранд.
Лимити обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё 4,2 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор Тоҷикистон 365 млн метри мукааб, Ӯзбекистон - 3,3 млрд, Қазоқистон - 452 млн ва Қирғизистон - 47 млн метри мукааб об мегиранд.
Гуфта мешавад, ҳаҷми оби ҳавзаи Амударё дар мавсими нашъунамои соли 2022 хеле номуайян буд: агар дар моҳҳои апрел-май он дар ҳудуди муқаррарӣ бошад, пас аз моҳи июн то 85-65% кам шуда, то охири муҳлат аз меъёр паст боқӣ монд.
Дар шароити кунунии марбут ба об ҳаҷми умумии оби истифодашуда дар ҳавза 79,1 фоиз аз меъёри муқарраршударо ташкил дод, аз ҷумла дар Тоҷикистон воқеан 95,3 фоиз, Туркманистон - 83,3 фоиз, Ӯзбекистон - 68,7 фоиз аз меъёри муқарраршуда об истифода шуд.
Аз 1 апрел то 30 сентябри соли 2022 бо лимити 11,8 млрд метри мукааб обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё 10,1 млрд метри мукаабро ташкил дод. Аз ҷумла Тоҷикистон бо лимити 1,9 млрд метри мукааб зиёда аз 1,5 млрд обро истифода кард.
Ҷаласаи 84-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об моҳи апрели соли 2023 дар Душанбе доир мегардад. Дар он иловатан масоили таъминот бо об дар давраи обёрӣ ва нашъунамои мавсими нави аграрӣ барррасӣ хоҳанд шуд.