Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати Nanjing Communication Engineering Co. Ltd-и Чин ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон»-и Тоҷикистон дар бораи сохтмони роҳҳои мошингард дар вилояти Хатлон созишнома имзо кард.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмони роҳи автомобилгарди Бохтар-Левакант (масофааш 9,72 км) ва Левакант- Лолазор (масофааш 30,28 км) сухан меравад, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгард сохта мешаванд.

Дар маълумоти Вазорати нақлиёт зикр мешавад, ки дар лоиҳа сохтмони 5 роҳи мошингард дар назар буда, президент онро дар паёмаш ба парлумон супориш дод, ки бунёди он соли 2023 оғоз гардад. Ҳамчунин сарвари давлат дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки ҳафтаи гузашта доир гардида буд, ин супоришро такрор кард.
Гуфта мешавад, дар озмуни байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкорон барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари 18 ширкати байнулмилалӣ, ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ «ИДЕАЛ-СЕРВИС» ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» - иштирок доштанд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК амалӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар паёми ахири президент зикр шуд, ки барои беҳбуди вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, тайи 5 соли ахир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 5,1 млрд сомонӣ (500 млн доллар) амалӣ шуда, дар доираи он 250 километр роҳҳои автомобилгард, 22 пул (купрӯк), 4 нақб ва якчанд эстакада сохта шуд.
Айни замон ба маблағи 11 млрд сомонӣ боз 17 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Дар се соли наздик ба маблағи 7,4 млрд сомонӣ боз 6 лоиҳа татбиқ шуда, ба истифода додани 317 километр роҳҳои автомобилгарди байнулмилалӣ, 32 пул, 5 нақб бо масофаи умумии 11,2 километр ва 7 долонҳои муҳофизат аз тармафароӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки зикр шуд, корҳои иҷрошуда дар ин соҳа ба Тоҷикистон имкон доданд, ки тайи 4 соли ахир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯи сифати роҳҳо байни 138 кишвар зинаи 50-умро ишғол намояд.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста