ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” дар бораи маблағи пардохтнашудаи қарз аз истифодаи барқро, ки дар давоми тамоми давраи фаъолияташ баъди навсозии сохтори ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омад, маълумот дод.
Намояндагони ин ширкат имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки ҳаҷми умумии қарз (қарзҳои дебиторӣ) дар давоми ду сол 534 млн сомонӣ (52 млн доллар)-ро ташкил додааст.
Зикр шуд, ки баъзе корхонаҳо мунтазам маблағи истифодаи барқро саривақт ва пурра пардохт намекунанд.
Ба сафи ин корхонаҳо дар навбати аввал “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) дохил мешавад, ки тайи ду соли ахир зиёда аз 97,6 млн сомонӣ пули истифодаи барқро пардохт накардааст. Қарзи ширкат аз барқ бо назардошти солҳои пешин ба 487 млн сомонӣ расидааст.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати кишвар низ ба ин қатор шомил буда, ҳаҷми қаразаш аз истифодаи барқ дар зарфи ду сол 170 млн сомонӣ (бо назардошти солҳои пешин 460 млн сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Аз оғози кори ширкати нав ҳамчунин қарзи аҳолӣ низ 139 млн сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, қарзҳои истеъмолгарони маишӣ ба 1,5 млрд сомонӣ наздик шудааст.
Қарзи умумии ҳамаи истеъмолгарон дар давоми тамоми солҳо аллакай қариб 3,7 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ширкатҳои дар заминаи “Барқи тоҷик” таъсисёфта (ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”) кори худро бе ҳеҷ гуна қарз оғоз намуданд. Ӯзикр кард, ки ба ҳамаи қарзҳои то ин дам бавуҷудомада (то соли 2021) “Барқи тоҷик” машғул мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи қарзҳои кредиторӣ маълумот надод.
Тобистони соли гузашта намояндагони “Барқи тоҷик” ба ВАО хабар доданд, ки қарзи кредитории ширкат то аввали нимсолаи дуюми соли гузашта ба 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар) баробар аст.
Ширкат аз ҷумла ба НБО “Сангтӯда-2”, НБО “Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО Роғун”,ҶСК ”Ориёнбонк” қарздор аст. Қарзҳо ба Вазорати молия (ҳукумат) 23,6 млрд сомониро ташкил доданд.
Қобили зикр аст, ки қарзҳо назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика дар солҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Ба воситаи ин маблағгузорӣ неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ шуда, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербино сохта шуданд.






Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Қонуни афв барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард
Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд
“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод
“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод
“Парвандаи Абдуллозода рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад”. Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки чаро роҳбари пешини Фурудгоҳи Душанбе дар озодӣ аст
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст
“Дар баррасии ҳукумат аст”. Дар Тоҷикистон ҳанӯз корхонаи коркарди “аккумулятор” мавҷуд нест
Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста