Дар муқоиса бо сатҳҳои соли гузашта моҳи феврали соли 2023 нархҳои миёна ба гандум дар Русия ва Қазоқистон ба андозаи 23-53% поин рафтанд. Ин метавонад ба интиқоли зироати ғалладона ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.
Дар Русия нархи миёнаи 1 тонна гандуми нарми навъи сеюм то 170 доллар поин рафт, ки 23% камтар нисбат ба моҳи феврали соли 2022 аст. Хабаргузории Зерно Он-Лайн бо истинод ба Росстат хабар медиҳад, ки гандуми дурушт то 200 доллар арзон шуд, ки 53% поинтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Ба иттилои ElDala.kz, дар Қазоқистон аз оғози моҳи июли соли 2022 арзиши 1 тонна гандум аз 400 доллар то 190 доллар поин рафтааст.
“Зироати ғалладонаи арзон, ки қисмате аз он ғайриқонунӣ ба Қазоқистон ворид карда мешавад, ба бозори дохилӣ фишор меорад”, - гуфта мешавад дар хабар.
Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи соҳавии Қазоқистон, ҳаҷми воридоти ба истилоҳ "пинҳонӣ" дар як сол ба 1,5-2 млн тонна расида, зарари умумӣ ба давлат ҳамасола 500 млн долларро ташкил медиҳад.
“Тибқи маълумоти дарёфтӣ аз иштирокчиёни бозор, ҳиссаи назарраси қочоқи зироати ғалладона тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.
Гандуми воридшуда бидуни пардохти ААИ ба номи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба расмият дароварда шуда, сипас дар шакли содироти дубора (реэкспорт)-и пинҳонӣ бе пардохти тарифи транзитӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ равона мегардад”, - хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Қазоқистон.
Аз ин рӯ, дар Қазоқистон ба нақша гирифтаанд, ки содироти гандумро тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муҳлати ним сол манъ мекунанд.
Моҳи сентябри соли 2022 Қазоқистон ҳамаи маҳдудиятҳоро дар мавриди содироти зироати ғалладона бекор кард.
Ба далели арзон будани зироати ғалладона, истеҳсолкунандагони Русия ва Қазоқистон мегӯянд, фурӯши гандум ба хориҷи кишвар фоидаовар нахоҳад шуд.
Ба Тоҷикистон чӣ таъсире дошта метавонад?
Соҳибкор Асрор Мадаминов аз вилояти Суғд аз поинравии якбораи қимати зироати ғалладона дар Қазоқистону Русия хушҳол нест.
Ба ақидаи ӯ, бо ин сабаб ба умеди болоравии нарх дар моҳҳои наздик онҳо метавонанд содиротро мвуваққатан манъ кунанд ва дар интиқоли зироати ғалладона ба Тоҷикистон метавонад мушкилиҳо ба миён ояд.
“Хуб аст, ки нархҳо поин мераванд. Лекин паҳлӯи манфиаш низ ҳаст. Ба мо интиқоли мунтазам лозим аст”, - зикр кард соҳибкор.
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сол барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Раводид ба Туркия. Маркази раводиди Туркия дар Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо ҷавоб медиҳад
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста