Рӯзи чоршанбе зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо шахсони расмӣ ва соҳибкорони шаҳри Қошғари Чин имкони ҷалби маблағгузорӣ аз ҷониби Чин барои сохтмон ва таъмиру навсозии қитъаҳои боқимондаи роҳи мошингарди “Душанбе - Қулма” баррасӣ шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмон ва таъмиру навсозии қитаҳои роҳ бо масофаи умумии 296 км сухан меравад. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, масофаи умумии роҳи автомобилгарди Душанбе - Қулма 1008 километрро ташкил медиҳад.
“Дар бораи дар ояндаи наздик ба имзо расидани санади расмӣ оид ба ин масъала созиш ҳосил шуд”, - омадааст дар хабар.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ба туфайли кумаки ҳукумати Чин (200 млн доллар) соли гузашта татбиқи лоиҳаи қисмҳои қитъаи калидии (Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон) навбати 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма оғоз гардид.
Вазир таъкид дошт, ки дар ин лоиҳа сохтмон ва таъмиру навсозии 93 км роҳи автомобилӣ, 2 нақб бо дарозии 5,2 км, 5 долони нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли борҳоро тариқи нуқтаи гузаришу назоратии “Қулма-Қаросӯ” баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ба қаламрави Чин гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистон тариқи ин нуқта моҳи феврали ҳамин сол пас аз танаффуси сесола бар асари пандемия оғоз гардида буд.
Чин бо ҳиссаи ҳудуди 17% ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад.
Соли гузашта Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар - Русия (ҳиссааш - 22,9%) ва Қазоқистон (19,7%) зиёдтар муомилоти молӣ анҷом додааст.
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Чин дар соли 2022 дар муқоиса бо соли пешин қариб 45% афзуда, зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод.
Зиёда аз 368 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ва ҳудуди 842 млн доллар - ба воридоти молу маҳсулот аз Чин рост меояд.
Аз Тоҷикистон ба Чин асосан ашёи хом: минералҳои гуногун, фулузот (металлҳо)-и ранга ва нодир, нахи пахта, пӯст, инчунин матоъ аз абрешим ва абрешими хом, хушкмева ва ғайра содир мешавад.
Аз Чин ба Тоҷикистон дар навбати аввал маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, мошину таҷҳизот, инчунин номгӯи васеи маҳсулоти истифодаи умум аз қабили сарулибос, пойафзол, мебел, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ ва ғайра ворид карда мешавад.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста