Дар семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 34,3 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки 125,6 млн доллар ё худ 26,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Коҳиши даромад аз содирот ба камшавии интиқоли фулузот (металлҳо) ва сангҳои гаронбаҳо ва нимқиматбаҳо (қариб ба маблағи 84,8 млн доллар) ва нахи пахта (39,5 млн доллар) марбут аст.
Ҳамчунин сабаби ин коҳиши содироти нахи пахта ба андозаи 50,2% маънидод мешавад. Дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳаҷми содироти ин маҳсулот 79 млн долларро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли равон - ҳамагӣ ба 39,2 млн доллар баробар шудааст.
Ғайр аз ин, содироти маҳсулоти чорводорӣ, маснуот аз санг, гач ва семент низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 27,6 млн доллар афзуда, ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расидааст.
Ба ин тариқ, тавозуни савдои кишвар манфӣ ҳосил шудааст - воридот нисбат ба содирот 890 млн доллар зиёд аст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 1,6 млрд долларро ташкил додааст, ки 98 млн доллар ё худ 5,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 давлати саросари дунё савдои дуҷониба анҷом додааст.
Ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (23,7% дар савдои хориҷии ҶТ), Чин (20,8%) ва Қазоқистон (19,6%) дохиланд.