Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон ба сатҳи ду моҳи аввали имсол баргашт.
Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи гузашта нархҳои чакана 0,5% боло рафтанд. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9%, маҳсулоти ғайриозуқа - 0,4% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс - 0,2% поин рафтанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар муқоиса бо моҳҳои январ ва феврал ду баробар - 0,9% боло рафт. Дар ду моҳи пешина нархҳо мутаносибан ба андозаи 0,5% ва 0,4% зиёд шуда буданд.
Дар маҷмӯъ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар кишвар 2,3%-ро ташкил дод, ки 0,1 банди фоизӣ поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.
Нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ аз оғози сол ба андозаи 3,9%, маҳсулоти ғайриозуқа - 1,6% боло рафта, тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 0,4% коҳиш ёфтанд.
Ҳукумат сатҳи таваррумро барои соли 2023 ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) нигоҳ доштан мехоҳад. Коршиносони Бонки авруосиёии рушд низ сатҳи таваррумро қариб дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мекунанд.
Соли 2022 нархҳои истеъмолӣ дар кишвар дар сатҳи рекордии паст - 4,2% боло рафтанд, ки 3,8 банди фоизӣ пасттар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 аст. Мутахассисони Хазинаи байнулмилалии асъор дар гузориши чанде қабли худ инро тариқи зайл шарҳ доданд: поинравии босуръати таваррум дар Тоҷикистон болоравии қурби пули миллӣ, сиёсати қатъии пуливу қарзӣ ва таъсири дигар тадбирҳо ба мисли озодшавии захираҳои стратегии хӯрокворӣ, коҳиши меъёри андоз ба арзиши иловашуда ба 3 банди фоизӣ ва сатҳи баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ифода мекунад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста