Дар Тоҷикистон маъракаи содироти маҳсулоти кишоварзии тезпаз, аз ҷумла пиёз ва меваҷоти гуногун оғоз шуд. Ба гуфтаи намояндаи Агентии содироти ҷумҳурӣ, то ин дам 200 тонна ҳосили пиёзи барвақтӣ ба Қазоқистон фиристода шудааст.
Ба иттилои Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, 10 вилояти ин кишвар дар бораи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 260 тонна шартнома баста, се вилояти дигар ва шаҳри Алмато дар марҳилаи имзои шартнома қарор дорад. Се вилояти дигар аз имзои шартнома даст кашидаанд.
... Имсол майдони кишти пиёз дар Тоҷикистон то 17 ҳазор гектар зиёд карда шуда, аз ҳосили рекордӣ - 747 ҳазор тонна интизорӣ меравад.
Ҳоло деҳқонон дар фикри онанд, ки ин қадар пиёзро чӣ кор мекунанд. Дар яке аз хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода деҳқонони маҳаллӣ хосили хеле хуб парвариш карда расонидаанд, вале ба он харидор нест.
Онҳо мегӯянд, арзиши аслии 1 кило пиёз имсол ҳудуди 1,5 сомониро ташкил дода, харидорон, аз ҷумла содиркунандагон 1,8-2,2 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Харидорони миёнарави маҳаллӣ каме зиёдтар - 2,5 сомонӣ барои як кг медиҳанд, аммо онҳо кам мехаранд.
Дар амал фоидаи софи деҳқон аз 1 пиёз ба ҳисоби миёна 0,5 сомониро ташкил дода, харидорони миёнарав аз 1 килои он камаш 1 сомонӣ даромад мегиранд.
«Бинобар ин, аз пиёз фоида кам мешавад, - мегӯянд деҳқонон. — Мо ба ғайр аз пиёз, олую тарбуз дорем, ки аз талаботи бозори махаллӣ зиёд аст. Онҳоро низ бояд ба хориҷи кишвар фурӯшем, вале нархҳое, ки ширкатҳои миёнарав пешниҳод мекунанд, ба мо мувофиқ нест».
Хароҷоти асосии парвариши пиёз дар солҳои охир харидани нуриҳои минералӣ ва пардохти ҳаққи техникаи кишоварзӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки талаботи аҳолии Тоҷикистон ба пиёз ҳудуди 300 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти боқимондаро фавран ба хориҷа баровардан лозим меояд, зеро дар ҷумҳурӣ барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ анборҳо кифоя нестанд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста