Дар зарфи 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 43,2 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 1,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда Тоҷикистон ба Афғонистон (тамоми сол, лекин дар ҳаҷми маҳдуд дар мавсими тирамоҳу зимистон) ва Ӯзбекистон  - танҳо дар мавсими баҳору тобистон (аз моҳи май то август) неруи барқ интиқол медиҳад.

Ин ба он вобаста аст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ ҳатто барои таъмини истеъмолгарои дохилӣ намерасад.

Дар фасли тобистон ҷумҳурӣ захираҳои барзиёдатии обу энергетикиро дар ихтиёр дорад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.

Нимаи моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи оғози мавсими воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон хабар дод.

«Маълум аст, ки аз соли 2018 инҷониб таҷрибаи содироти неруи барқ дар давраи обёрии тобистона ба Ӯзбекистон амал карда, ин дар навбати худ ба зиёд шудани маҷрои обҳои табиӣ ба обанборҳои кишвари мо мусоидат мекунад, - зикр гардида буд дар хабар.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 3,3% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 аст.

Наздики 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, қисмати боқимонда ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ҳаҷми начандон зиёд ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.