КВД “Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ба маблағи умумии 15,3 млн сомонӣ (1,4 млн доллар) ба 72 нафар мизоҷон қарзи ипотека додааст.

Тавре ки роҳбари ин муассиса Сироҷиддин Икромӣ имрӯз, 8 август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, чунин қарздиҳиро “Амонатбонк” аз кормандони худ, ки собиқаи кории зиёд доранд, оғоз намудааст: 42 нафар бо шартҳои имтиёзнок (8%-и солона) ипотека гирифтаанд.

Ба мизоҷони қаторӣ ипотека бо дигар шартҳо пешниҳод мешавад: 10%-и солона бо асъори хориҷӣ ва 20%-и солона бо пули миллӣ ба муҳлати 10 сол.

Шарти ҳатмии гирифтани ипотека пешпардохт аз ҷониби мизоҷ дар ҳаҷми 30% аз маблағи умумии хона мебошад.

Икромӣ зикр кард, ки мизоҷон метавонанд ипотекаро ба муҳлати кӯтоҳтар гиранд: кам будани муҳлат ба сарфа аз фоизҳо имкон медиҳад.

Дар умум, таъкид дошт ӯ, “Амонатбонк” барои қарзи ипотека аз ҳисоби сармояи худ 100 млн сомонӣ ҷудо кардааст.

Бонк наметавонад аз ҳисоби пасандозҳои ҷалбшуда ипотека диҳад, зеро муҳлати баргардонидани ин маблағҳо аз се сол зиёд нест.

Сурат: Asia-Plus

Ёдрас мекунем, ки қонун “Дар бораи ипотека” соли 2008 қабул шуда,  дар бонкҳо зикр мекарданд, ки намехоҳанд таваккал карда, дар шароити норасоии маблағҳои озод қарзҳои дарозмуҳлат диҳанд ва ва барои баҳсҳои судӣ вақту неруи иловагӣ сарф кунанд.

Дар натиҷа охири соли 2019 ба қонун “Дар бораи ипотека” тағйирот ворид шуда, онҳо аз аввали соли 2020 мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар тағйирот ба фурӯш гузоштани предмети ипотека бо тартиби ғайрисудӣ барои пардохт накардан ё саривақт пардохт нашудани қарз пешбинӣ шудааст.

Танҳо он қарордодҳое, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани тағйирот ба қонун ба имзо расидаанд, бо тартиботи судӣ баррасӣ шуда метавонанд.

Аммо гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби судӣ ба фурӯши предмети ипотека эътироз оварда, ё талаб кунад, ки навиштаи иҷрои нотариус ғайриҳаққонӣ шуморида шавад.

Ба истилоҳи дигар, агар қаблан дар қонун ҳалли ҳама гуна баҳс дар мавриди ипотека байни бонк ва қарзгиранда танҳо бо тартиби судӣ пешбинӣ мешуд, акнун бонк дар сурати пардохт нашудани қарз, гарави мизоҷро бе баҳси судӣ ба савдо гузошта метавонад. Лекин ин маънои онро надорад, ки қарзгиранда барои муроҷиат ба суд ҳуқуқ надорад, агар чунин шуморад, ки қарздиҳанда ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.