Вазъи ноороми давлати ҳамсояи Афғонистон ва дониши нокифояи соҳибкорони вилояти Хатлон ду монеаи аслии сармоягузорӣ ба ин минтақа будааст. Дар ин бора Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дирӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ба қавли Давлаталӣ Саид дар самти ҷалби сармоя се омили асосӣ таъсиргузор мебошад: санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, амният ва дониши соҳибкорон.

“Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии зарурӣ таҳия ва қабул шудааст ва онҳо ба талаботи муқаррарнамудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аммо ду омили дигаре ҳаст, ки моеаи ҷалби сармоя ба вилояти Хатлон шудаанд. Ин, пеш аз ҳама, вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя ва дониши нокофии соҳибкорони минтақа мебошад”, - гуфт Давлаталӣ Саид.

Ба ақидаи раиси вилоят, дар харитае, ки фазои сармоягузориро муайян мекунад, як қисми Тоҷикистон бо ранги сурх ишора шудааст ва он минтақа вилояти Хатлон мебошад.

“Ин вобаста ба вазъи  кишвари ҳамсоияи мо – ҶИ Афғонистон аст. Яъне нооромиҳои ин кишвари ҳамсоя ба фазои сармоягузории мо таъсир мерасонад. Мо бо ин кишвар ҳудуди 750 км сарҳад дорем. Инро сармоягузорони хориҷӣ чун хавф қабул мекунанд”,- гуфт ӯ.

Омили дигарро Давлаталӣ Саид ба сатҳи дониши соҳибкорону саромядорони маҳаллӣ рабт дод.

“Мо сармоядоронро даъват намекунем, вале онҳо бо соҳибкорон кор мекунанд. Яъне дар якҷоягӣ корхонаи муштарак месозанд ва ё дигар намудҳои фаъолиятро дар ҳамбастагӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, саволе пайдо мешавад, ки соҳибкорони мо барои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ то куҷо омодаанд?”, - суол гузошт раиси вилоят.

Давлаталӣ Саид гуфт, ки новобаста аз муаммоҳои зикршуда, барои ҷалби бештари сармоя ба вилоят талош дорад ва кӯшиш мекунад, то фазои сармоягузорӣ дар минтақа беҳтар гардад.

Бояд зикр кард, ки Давлаталӣ Саид баъди раиси вилоят таъин шудан, ин марортибаи дуюм аст, ки аз фазои соҳибкорӣ дар минтақа интиқод мекунад. Қаблан ӯ аз масъулини вилоят талаб карда буд, ки муносибати худро ба бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ тағйир диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.