Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи шарқии иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқт ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аммо бо назардошти захираву имкониятҳои васеъ ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.

“Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ хадамоти матбуоти Вазорат хабар намедиҳад.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳайати ин кишвар барои иштирок дар форуми сармоягузории "Тоҷикистон - Олмон", ки рӯзи 5 сентябр дар Душанбе оғоз гардид, ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.