Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки аз 10 то 12 сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ба маблағи беш аз 82 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд.

Дар ин бора ҶС “Маркази рушди сиёсати савдои QazTrade”, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон в Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмондиҳандагони ин чорабинӣ мебошад, хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолкунандагони Қазоқистон имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулоти коркардшуда бамаротиб зиёд карда шавад.

“Соҳибкорон омодаанд, ки ба истеъмолгарони Тоҷикистон 60 номгӯи молу маҳсулот пешниҳод намоянд”, - зикр мешавад дар портали QazTrade.

Бино ба маълумоти омории Қазоқистон, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қазоқистон 557,4 млн долларро ташкил додааст. Интиқоли молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикитсон 6,9% афзуда, ба 387,2 млн доллар расидааст. Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра 33,3% - то 170,2 млн доллар кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон дар Остона форуми бузурги тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, Қазоқистон пас аз Русия ва Чин ба сегонаи асосии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон Қазоқистон бо вазни қиёсии 22,6% (дар нимсолаи аввали соли 2023) зинаи аввалро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.