Дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор мешавад, вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа омодагии худро барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ таъкид кардаанд.
Дар вохӯрӣ таъкид шудааст, мақсади он таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо мебошад.
Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошта, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика як эъломияи муштарак ҳам имзо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, эъломия аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва ба миёнояндаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии интермодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ ва транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин таҳким ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалиро зикр мекунанд.
Ҳамчунин дар нишаст, лоиҳаи Созишнома "Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ" мувофиқа гардида, интизор меравад, он дар доираи Мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.
“Ҳадафҳои асосии Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ, рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии ҳамлу нақли заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди амалияи истифодаи навъҳои экологии нақлиёт мебошад”, - гуфтааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.