Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Академияи бонкӣ таъсис диҳад. Ин масъаларо муовини раиси ин бонк бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон баррасӣ кардааст.
Тавре сомонаи БМТ хабар медиҳад, мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бранко Венерт, коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон 2- уми октябри соли 2023 баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо аз ҷумла таъсиси Академияи бонкӣ дар Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.
Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки таъсиси академия дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низомӣ бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ин бахш муҳим мебошад.
“Айни замон таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонад ба талаботи муосири бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва сатҳи хизматрасонии молиявиро боз ҳам баландтар бардорад, баррасӣ шуда истодааст. Мо хуб медонем, ки Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва омодаем масъалаи мазкурро бо Фонди мазкур муҳокима намоем. Зеро барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон муҳим буда, Академияи бонкӣ дар сатҳи зарурӣ метавонад ин вазифаро иҷро намояд”, - гуфтааст Гулбаҳор Назирӣ.
Бранко Венерт зикр намудааст, ки имконият ва муҳлати ташкили муассисаи таълимӣ, маблағгузории минбаъдаи он, талаботи бозор ба омӯзиши мавзуъҳои низоми бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он зимни мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисон муайян хоҳанд шуд.
Аммо маълум нест, ки Академияи бонкӣ дар Тоҷикистон кай таъсис меёбад. Танҳо ҳамин қадар рӯшан аст, ки корҳо барои таъсиси ин академия аллакай оғоз шудааст.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста