Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "OXUS INTERAZIA FZCO" оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и "Данғара"-ро тасдиқ кард.
Қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 2 октябри соли равон имрӯз, 26 октябр дар Портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.
“Ҳукумати ҶТ бо тартиби муқарраргардида Ширкати "OXUS INTERAZIA FZCO"-ро дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишнома заруранд, огоҳ намояд”,- омадааст дар қарор.
Созишнома оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар МОИ "Данғара" байни ҷонибҳо 25 майи соли ҷорӣ дар Душанбе имзо шуд.
Дар созишнома зикр мегардад, ки сармоягузор барои амалисозии лоиҳа “захираҳои молиявӣ, технологӣ, кадрӣ ва ғайраҳоро ҷудо мекунад ва ҳукумат розӣ мешавад, ки низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозӣ ва гумрукиро барои татбиқи лоиҳа пешниҳод месозад”.
Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа сармоягузор барои сохтмон 20 млн доллар маблағгузорӣ кунад. Муҳлати марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи мазкур 18 моҳ муқаррар шудааст.
Иқтидори солонаи корхона пас аз амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа истеҳсоли 3 млрд дона сигорро ташкил хоҳад дод.
Дар марҳилаи дуюм сохтмони иқтидорҳои иловагӣ барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маснуоти тамоку то 6 млрд дона сигор дар як сол пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа дар марҳилаи дуюм 7 млн долларро ташкил дода, муҳлати анҷоми он 6 сол муқаррар шудааст.
Дар матни созишнома гуфта мешавад, ширкати Oxus Interasia FZCO дар Минтақаи озоди Ҷебал Алӣ (АМА) ба қайд гирифта шудааст. Дафтари кории марказии ин ширкат дар шаҳри Дубай воқеъ аст.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста