Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, даромади операторони алоқа ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерон)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 3 млрд 867 млн 609 ҳазору 467 сомониро ташкил дод.
Зимни нишасти матбуоти имрӯзаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ зикр шуд, ки ин нишондиҳанда 7,8% зиёдтар нисбат ба соли 2022 (3 млрд 586 млн 838 ҳазор сомонӣ) мебошад.
Дар Хадамот иттилоъ доданд, ки имрӯз дар кишвар 78 ширкат ба хидматрасонӣ дар соҳаи алоқаи электронӣ машғул буда, 255 навъи иҷозатномаҳои гуногун барои хидматрасонӣ дар ин соҳаро доранд.
Давоми сол ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 1 ҳазору 328 ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва 156 гувоҳномаи мутобиқат ба алоқаи электронӣ дода шудааст.
“Соли гузашта ба 2 ширкати телекоммуникатсионӣ иҷозатнома ҷиҳати дастрасии мустақим ба интернети босуръат дода шуда, акнун шаҳрвандон ба чунин интернет дастрасӣ доранд”, - иброз дошт муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев, лекин аз ин ширкатҳо ном набурд.
Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии муштариёни алоқаи электронӣ дар ҷумҳурӣ 7,8 млн нафарро ташкил медиҳад.
Атоев ҳамчунин хабар дод, ки ҶСК “Тоҷиктелеком” ба маблағи 158 млн 746,2 ҳазор сомонӣ ба муштариён хидматрасонӣ пешниҳод кардааст.
Ӯ зикр кард, ки мувофиқи фармони президент “Дар бораи васеъ намудани ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ” дар ҷумҳурӣ иловатан 1 ҳазору 54 пойгоҳҳои заминавӣ насб шуда, зиёда аз 500 километр хатҳои алоқаи оптикӣ-нахӣ гузаронида шудааст.
“Ҳамаи ширкатҳои бахши хусусӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тамоми имтиёзҳои дар ихтиёр доштаашон истифода бурда, бидуни монеъа фаъолияти техникӣ, молиявӣ ва иқтисодии худро амалӣ месозанд. Давоми сол ба Хадамоти алоқа аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 60 муроҷиат расид. Ба 54-тои онҳо ҷавоби мушаххас дода шуда, 6 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор доранд”, - зикр кард Атоев.
Муовини сардори Хадамот гуфт, аз рӯи натиҷаҳои баррасии парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбат ба 98 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи таъини ҷазои маъмурӣ мутобиқи моддаҳои 350, 351 ва 366-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарорҳо содир шуда, 211,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳо гузаронида шудаанд.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста