Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар бораи риоя нашудани баробарӣ дар парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русия сарфи назар аз созишномаи мавҷуда байни кишварҳо изҳори назар кард.

Рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои соли 2023 Сафарзода таъкид дошт, ки ҳар як созишнома бандҳои ба худ хосе дорад, ки ба фарқиятҳо имкон медиҳад.

Сабаби аслии зиёд будани парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро ӯ имконоти маҳдуд дар худи Тоҷикистон унвон кард. Вай гуфт, Тоҷикистон барои парвоз тақрибан ба ҳамаи минтақаҳои Русия иҷоза дошта, аммо барои иҷрои парвоз ба он ҷойҳо имкон надорад.

Зикр шуд, ки феълан парки ягона ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Ширкат 6 Boeing, чор 787-800 ва ду 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

"Ҳамин ки мо рақобатпазир шуда, 50% ҳамлу нақли ҳавоиро таъмин карда тавонем, шумораи парвозҳоямонро зиёд мекунем", - шарҳ дод Дилшод Сафарзода.

Дилшод Сафарзода ва Парвиз Шодмонзода
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия - «Utair», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь S7» ва «Ямал» ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ҳавопаймоҳои Русия 88%-и тамоми парвозҳоро анҷом дода, 12%-и боқимонда ба Тоҷикистон рост меояд.

"Тоҷик-Эйр" умедвор аст, ки хисороти ба ӯ расида пардохт мешавад

Дар навбати худ директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» Парвиз Шодмонзода изҳор намуд, ки дар риоя нашудани баробарӣ раиси собиқи ширкати «Тоҷик-Эйр» Рустам Холиқов гунаҳкор аст. Қобили зикр аст, ки ин ширкат солҳои зиёд инҷониб (аз соли 2019) фаъолият намекунад.

«Ин дар замони директори қаблӣ оғоз шуда буд, ки ба зиёдшавии парвозҳо аз Русия ҳавасманд буда, махсус нархи билетҳои “Тоҷик Эйр”-ро боло мебурд, то ки ба ширкатҳои Русия талабот зиёд шавад», - гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бо назардошти қарзи “Тоҷик-Эйр”, ки дар замони раҳбарии Холиқов (солҳои 2014-2016) ба вуҷуд омада, 49 млн долларро ташкил додааст, ширкат ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Аммо то ин дам ҳамагӣ 3 миллионаш баргардонида шудааст.

Масъалаи маблағи боқимонда ҳоло номаълум буда, лекин ширкат умедвор аст, ки ба наздикӣ Рустам Холиқов тамоми маблағро пардохт мекунад.

«Умедворем, ки қисми боқимондаи қарз пардохт мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймоҳои нави баландсифат харидорӣ кунем», - гуфт намояндаи ширкат.

Шодмонзода итминон дод, ки пас аз барқарор шудани фаъолияти ширкат мушкили “риоя нашудан”-и баробарӣ ҳал хоҳад шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкат ният дорад фаъолияти худро дар моҳи сентябри соли гузашта аз сар гирад, вале Дилшод Сафарзода таъйид кард, ки ин ҳанӯз имконнопазир аст, зеро то ҳол масъалаи харидории ҳавопаймоҳои нав барои ширкат ҳалли худро наёфтааст.

Ӯ шарҳ дод, ки дар ин маврид пешниҳодҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо бодиққат интихоб кардан лозим аст, то ҳолатҳои манфии пешина такрор нашаванд.

«Ҳоло роҳбарияти ширкати «Тоҷик-Эйр» дар якҷоягӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ ва Шӯрои нозирон сари ин масъала фаъолона кор мебарад. Мо тасмим гирифтем, ки ҳавопаймои пурсамарро интихоб кунем ва барои ин аз тамоми шӯроҳои назоратӣ дастуру супориш ва пешниҳодҳо омадаанд», - гуфт ӯ.

Ба лизинги ду ҳавопаймо аз Туркия чӣ шуд?

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба лизинги ду ҳавопаймои истифодашудаи Airbus аз ширкати туркии “Southwind”, ки соли 2023 эълон шуда буд, директори генералии ширкат зикр кард, ки бо сабаби таҳримҳо алайҳи ин ширкат, «Тоҷик-Эйр» то ҳол нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонад.

Ҳавопаймоҳои омодашуда барои "Тоҷик Эйр", ки дар Туркия қарор доранд
Сурат аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ пешниҳод шуд

Ҳарчанд соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, ду ҳавопаймо комилан омода буданд ва ҳатто дар он тамғаи "Тоҷик-Эйр" кашида шуда буд.

«Ҳамин ки таҳримҳо бекор шуданд, мо омодаем, ки созишномаи дахлдорро ба имзо расонем”, - илова кард Парвиз Шодмонзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.